Вай навори шабакаҳои иҷтимоии Х-ро чунин тавзеҳ дод, ки дар он дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфтааст, ки платформаҳои рақамӣ аксар вақт барои гумроҳ кардани мардум ва боиси низоъ миёни онҳо истифода мешаванд ва ташкилот бояд ба ин вокуниш нишон диҳад. Корбари интернет, ки ин наворро дар саҳифааш нашр кардааст, навиштааст, ки СММ гӯё “ҷанг бо озодии баён эълон кардааст”.
Маск дар шарҳи ин паёми корбар дар шабакаи иҷтимоии Х "Маблағгузории СММ-ро қатъ кунед” навишт.
Қаблан як манбаи СММ ба РИА Новости гуфта буд, ки ин созмон метавонад дар чаҳорчӯби оптимизатсияи хароҷот буҷаи худро 20 дарсад коҳиш дода, ҳудуди ҳафт ҳазор ҷои кориро ихтисор кунад.
Дар моҳи март Дабири кулли СММ дар бораи оғози ташаббуси СММ-80 эълон кард, ки дар қатори дигар ҷузъиёт, бознигарии кори он дар самти оптимизатсияи хароҷотро дар бар мегирад. Ислоҳот дар пасманзари коҳиши саҳмияҳои ҷудокардаи Иёлоти Муттаҳида ба буҷаи СММ ва мавқеъи маъмурияти кунунии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи маблағгузории тарҳҳои башардӯстона амалӣ мешавад. Иёлоти Муттаҳида бузургтарин саҳмгузори буҷаи муқаррарии СММ аст, ки 22 дарсад саҳм гузоштааст, хабар медиҳад ria.ru.
Тибқи иттилои СММ, то моҳи январ Вашингтон бояд 2,8 миллиард доллар пардохт мекард: 1,5 миллиард доллар ба буҷаи муқаррарии СММ ва маблағи боқимонда барои амалиёти посдори сулҳ ва буҷаи трибунаҳо ҷудо карда шудааст.