1 сентябр шаршараи машҳури Ниагара дубора бо рангҳои парчами Ӯзбекистон мунаввар мешавад

    Воқеаҳо 29 Avgust 2022 1105

    Дар рӯзи таҷлили 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дар ИМА ва Канада 31 август) шаршараи машҳури Канада ва яке аз ҷойҳои машҳуртарини сайёҳии Амрикои Шимолӣ - шаршараи ба ҷаҳон машҳури Ниагара боз бо рангҳои байрақи давлатии мамлакатамон мунаввар мегардад.

    Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон, ки дар Канада низ номнавис шудааст, пурқудраттарин шаршараро дар нимкураи ғарбӣ бо рангҳои узбакӣ рӯзи 31 август соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ (1 сентябр соати 7:30 ба вақти Тошканд) мустақиман тамошо кардан мумкин аст. Равшансозии шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами Ӯзбекистон 15 дақиқа давом мекунад.

    Ба иттилои сафорат, ҳамватанони мо аз тамоми гӯшаву канори Канада ва Иёлоти Муттаҳида ният доранд, ки ба шаршара Ниагара барои дидани ин манзараи зебо оянд. Илова бар ин, намояндагии дипломатии мо якҷоя бо ҳамватанони худ нақша дорад, ки Рӯзи истиқлолиятро дар шаҳри Ниагара васеъ таҷлил намояд, ки дар он ҷо ба муносибати 31-умин солгарди истиқлолият бо рақсу сурудҳои ӯзбекӣ зиёфати тантанавӣ, имкони чашидан аз палови анъанавии ӯзбекӣ ташкил карда мешавад, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Ёдовар мешавем, ки шаршараи Ниагара соли гузашта бо иштироки ҳамватанони мо, сайёҳони сершумор аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, ҳамчунин сокинони маҳаллӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон бори аввал бо рангҳои парчами Ӯзбекистон ранг карда шуда буд. Ҳар сол миллионҳо сайёҳон аз шаршараи Ниагара дидан мекунанд. Бари шаршара 792 метр, баландиаш 53,6 метр, ҳаҷми оби фуромада 2,2 миллион литр дар як сонияро ташкил медиҳад. Дар системаи равшании шабонаи шаршараи Ниагара 1400 чароғҳои ҷудогона истифода мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates