Ин иншооти бузург бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатарии роҳ ва коҳиш додани сарбории роҳҳо бунёд мегардад. Пул мавзеи нави сохташавандаи «Ширин»-ро бо шаҳри Самарқанд ва фурудгоҳи байналмилалӣ мепайвандад.

Арзиши лоиҳа 310 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Дарозии пул 780 метр, бараш 29,8 метр ва баландии он 2 метр аст. Қисмати ҳаракати нақлиёт аз чор хатти роҳ иборат буда, иқтидори гузаронидани он дар як шабонарӯз то 25 ҳазор воситаи нақлиётро ташкил медиҳад.

Пас аз ба истифода супурдани иншоот масофа аз маҳаллаи «Ширин» то маркази шаҳр аз 23 ба 4 километр кам шуда, вақти сафар 30 дақиқа кӯтоҳ мегардад.

Ба Сарвари давлат оид ба қарорҳои техникии лоиҳа ва имкониятҳои танзими ҳаракати нақлиёт маълумот пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин дар ин ҷо бо фаъолони маҳаллӣ мулоқот баргузор гардид.

– Соли 2016 ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 1 миллиону 200 ҳазор сайёҳ омада буд. Имрӯз танҳо шаҳри Самарқанд ҳар сол 5 миллион сайёҳро қабул мекунад. Оё мо метавонистем чунин натиҷаҳоро тасаввур кунем? Албатта, имрӯз ҷаҳон бар пояи рақобат рушд мекунад. Мо низ бояд дар ин рақобат мавқеи худро мустаҳкам намоем.

Агар лоиҳаҳоро дуруст таҳия карда, фаъолияти логистикиро оқилона ба роҳ монем, метавонем хароҷоти аҳолиро кам ва вақти сафарро кӯтоҳ кунем. Зеро шаҳр барои мардум аст!

Сохтмони ин пул яке аз орзуҳои деринаи ман буд. Имрӯз ин орзу амалӣ гардид, – таъкид кард Президент.

Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат, бо таъкид бар он ки шаҳр бояд ба мардум хизмат кунад, масъулияти ҳар яки моро дар назди халқ ва Ватан хотиррасон намуд.

– Дирӯз дар суханрониам борҳо ба мафҳумҳои «аз они худ», «худи мо», «ҳувияти мо» ва «мо»-ро таъкид кардам. Мо бояд бо чунин эътиқод зиндагӣ кунем: «Ман шаҳрванди Ӯзбекистон ҳастам, ба нафъи халқам фаъолият мекунам, ба хотири халқам меомӯзам ва барои ояндаи худ ба навҷӯӣ талош меварзам».