Дар фурудгоҳи байналмилалии Мадина зиёраткунандагони ӯзбекро
дипломатҳо таҳти роҳбарии сафири Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ Нодирҷон
Турсунов, инчунин намояндагони ҷониби мизбон пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад АИ
«Дунё».
Зиёраткунандагон бо автобусҳои замонавии бароҳат таҳти ҳамроҳии
полис ба меҳмонхонаҳо интиқол дода шуданд.
Иштирокчиёни гурӯҳ ба Президенти Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳ
ва ғамхории зоҳиршуда изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки шароити фароҳамшуда
нишонаи эҳтироми баланд нисбат ба зиёраткунандагон мебошад.
Шаҳрвандон инчунин ба роҳбари давлат тансиҳатӣ ва комёбӣ
орзу карда, барои сулҳу субот дар кишвар, некӯаҳволии мардум ва рушди минбаъдаи
Ӯзбекистон дуо намуданд.