Аз ҷумла, намояндагони Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисоди даврӣ бо иштироки масъулони ташкилот ва ширкатҳои бузурги байналмилалӣ мулоқотҳо анҷом дода, аҳамияти чорабиниҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои хориҷиро дар соҳаи идоракунии партовҳо таъкид намуданд.

Дар натиҷаи вохӯриҳо байни директори Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисоди даврӣ Шарифбек Ҳасанов, президенти ширкати “Vision International Investment Company”-и Арабистони Саудӣ Умар Алмидонӣ ва директори генералии ширкатии “SUEZ International”-и Фаронса оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Силвер Делоне созишномаи ҳамкорӣ (Head of Terms) ба имзо расид.

Лоиҳаи мазкур ҳамкориро дар самти коркарди партовҳои хатарнок пешбинӣ намуда, арзиши умумии он 78 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, форум, ки зиёда аз 10 ҳазор вакил ва иштирокдорро аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон гирд овард, аз боло рафтани нуфузи байналмилалии он ва таҳкими эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшаванда гувоҳӣ медиҳад.