Аз ҷумла, 13 апрели соли 2023 дар ин ҷо нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад. Сарони вазоратҳои хориҷии Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки ҳайатҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Комитети иҷроияи ИДМ дар назар аст. Мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, муҳокимаи рафти иҷрои барномаҳои муштарак, инчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Худи ҳамон рӯз дар Самарқанд ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.