Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шуд, қисме аз адабиёте, ки Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кишвари мо ба Хонаи ҳуқуқи инсон ҳамчун туҳфа тақдим намуда буд, ба Институти давлат ва ҳуқуқ супорида шуданд.
Ба фонди институт, намунаҳо аз осори Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, нашрияҳо оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон, инчунин китобҳо оид ба фарҳанг ва адабиёти Чин — дар маҷмӯъ 28 номгӯй, 56 китоб ва 6 диски электронӣ (e-book) тақдим гардид.
Ба сухан баромадагон таъкид намуданд, ки ин чорабинии маърифатӣ ба иҷрои вазифаҳое, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 январи соли 2026 «Дар бораи чораҳо оид ба рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба мутолиа» пешбинӣ шудаанд, ҳамоҳанг мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки адабиёти мазкур барои кормандони илмӣ, муҳаққиқон ва олимони ҷавони Институти давлат ва ҳуқуқ ҳамчун манбаи муҳим ҷиҳати омӯзиши амиқи таҷрибаи байналмилалӣ, таҳлили равишҳои муосир дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ғанӣ гардонидани корҳои илмӣ хизмат хоҳад кард.
Директори Институти давлат ва ҳуқуқ Муродҷон Турғунов аҳамияти илмӣ-амалии ин адабиёт, нақши он дар омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими ҳамкориҳои стратегии миёни Ӯзбекистон ва Чинро махсус зикр намуд. Ба Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон ва Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипос кард.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-маърифатии Ӯзбекистон ва Чин, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хидмати матбуоти Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон.