14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

    Воқеаҳо 13 Sentabr 2023 8469

    14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

    Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби Ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо – муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад.

    Дар ин ҳамоиш раҳбарони вазоратҳои марбутаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.

    Дар форум пас аз ҷаласаи умумӣ 3 ҷаласа дар мавзӯҳои «Табодули таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Табодули таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» баргузор мегарданд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates