Масоҳати умумии маҷмаа зиёда аз 7 гектарро ташкил медиҳад ва дар он беш аз 5 ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд. Ансамбли боҳашам аз чор манораи 70-метрӣ ва бинои асосии сеошёна иборат аст, ки толори асосӣ ва айвонҳои суннатиро дар бар мегирад.

Дар масҷиди ҷомеъ, ки тибқи беҳтарин анъанаҳои меъмории исломӣ ва шарқӣ барпо шудааст, нақшу нигори миллӣ, гунбазҳои шарқӣ, манораҳои баланд ва технологияҳои муосири сохтмон бо ҳам ҳамоҳанг гардидаанд. Зимни ороиши дохили масҷид аз намунаҳои санъати хаттотӣ ва наққошии исломӣ ба таври васеъ истифода шудааст.

Ба ободонии 4,2 гектар ҳудуди атроф низ диққати махсус зоҳир мегардад. Дар ин ҷо майдонҳои сабз, пайроҳаҳо, ҷойҳои истироҳат, сохторҳои рӯшноидиҳӣ, иншооти ороишӣ ва фаввораҳо қад рост менамоянд.

Таъкид гардид, ки ин маҷмааи боҳашам, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун тӯҳфа барои халқи бародари Қазоқистон ва сокинони Туркистон сохта шудааст, ифодаи дурахшони дӯстии бисёрасра, наздикии фарҳангӣ, муносибатҳои накӯҳамсоягӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар гардидааст.

Оятҳо аз Қуръон қироат гардида, бо орзуи сулҳу фаровонӣ барои халқҳои бародар дуо карда шуд.