Бо шарофати ислоҳоти густурдае, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, дар роҳи таъмини қадри инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими муҳити сулҳ, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар ҷомеа ва тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ қадамҳои бузург гузошта мешаванд.
Ин ҳама моҳияти инсонпарваронаи ҷашни Соли нави шарқиёна – Наврӯзи оламро, ки дорои таърихи куҳан ва анъанаҳои ғанӣ мебошад, инчунин аҳамияти арзишҳои абадии он, чун таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ ва меҳру муҳаббатро боз ҳам афзун менамояд.
Бо мақсади дар тамоми шаҳр ва деҳаҳо, дар саросари кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дар рӯҳияи болида ҳамчун сайри умумихалқӣ истиқбол намудани ҷашни Наврӯз, ки солҳои охир дар ҳамоҳангӣ бо дигаргуниҳои воқеан таърихӣ, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, мазмуну муҳтавои боз ҳам амиқтар пайдо кардааст, қарор менамоям:
1. Ҳайати Кумитаи тадорук (минбаъд – Кумитаи тадорук) оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2026 мутобиқи замима тасдиқ гардад.
2. Кумитаи тадорук (А.Арипов) дар муҳлати як ҳафта:
а) тибқи пешниҳоди Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Агентии корҳои ҷавонон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва Бунёди «Нуроний» Консепсияи таҳкими мазмуни ғоявии ҷашни умумихалқии Наврӯзро (минбаъд – Консепсия) тасдиқ намояд;
б) дар шаҳри Тошканд, марказҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо, ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳо барномаи чорабиниҳои ташкилӣ-амалӣ, фарҳангӣ-маънавӣ ва тарғиботиро, ки ғояи неки «Бузургдошти Наврӯз бузургдошти инсон аст!»-ро таҷассум мекунад, тасдиқ намуда, иҷрои онро таъмин намояд.
3. Бо мақсади дар маҳалҳо дар сатҳи баланд баргузор намудани тамоми чорабиниҳои бахшида ба ҷашни умумихалқии Наврӯз мутобиқи самтҳои асосӣ ва тавсияҳое, ки дар Консепсия баён мегарданд, инчунин барои таъмини иштироки фаъоли ҳамватанон дар онҳо, ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода шавад:
а) баргузор намудани чорабиниҳои идона бо мазмуну шакли муассир, ки бедории олами ҳастӣ, ҳамоҳангии байни инсону табиат, меҳру таваҷҷуҳ ба модар-заминро ифода намуда, ҳамватанони моро ба қадрсозии зиндагии орому осудаи имрӯза, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин ва зиндагӣ бо эҳсоси шукргузорӣ водор намоянд;
б) тарғиби ислоҳоти амиқи демократие, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, тағйироти мусбате, ки дар ҳаёти рӯзмарра, шуур ва ҷаҳонбинии мардум ба амал меоянд, инчунин фазилатҳои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, ки махсусан дар рӯзҳои Наврӯз бараъло намоён мегарданд;
в) бо назардошти дар ҳамоҳангӣ бо иди мубораки Рамазон таҷлил гардидани ҷашни имсолаи Наврӯз ва ба таҳкими тамоюлҳои инсондӯстонаи он мусоидат намудани он, гиромидошти ҳамаҷонибаи намояндагони насли пиронсол, бахусус, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони фронти меҳнат, инчунин хабар гирифтан аз аҳволи истиқоматкунандагони хонаҳои «Меҳрибонлик», «Саховат» ва «Мурувват», инсонҳое, ки дар дафтарҳои ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд ва ба кумак ниёз доранд, ташкили дасторхонҳои идона барои онҳо ва гузаронидани чорабиниҳои хайрия бо иштироки фаъолони маҳалла, намояндагони ҷавонон ва занону духтарон;
г) иҷрои чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» муайян гардидаанд, дар арафаи ҷашн дар тамоми минтақаҳо, кӯча ва майдонҳо, маҳалла, ноҳия ва шаҳрҳо гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили маъракаҳои «Ман ҳам ниҳол мешинонам» ва ҳашарҳои умумихалқӣ.
д) намоиши васеи урфу одатҳои миллӣ, анъана ва арзишҳои намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногуне, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, бо мақсади таҳкими фазои дӯстии байни миллатҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар ҷомеаи мо ҳукм меронад;
ж) дар ҷараёни чорабиниҳои идона ташкил намудани намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандон, мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои миллии варзиш, намоишҳои китоб, ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ бо нархҳои арзон, нуқтаҳои сайёри савдо, инчунин омода намудани таомҳои баҳорӣ дар ярмаркаҳо ва гузаронидани озмунҳои гуногун;
з) инъикоси васеи таърихи ҷашни Наврӯз, инчунин урфу одат ва анъанаҳои вобаста ба баргузории он дар ҳар як минтақа, дар ҷараёни тантанаҳои идона дар тамоми шаҳрҳо ва деҳот, воситаҳои ахбори омма.
и) дар маҷмааи «Янги Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд ташкил намудани сайру гашти оммавии идона тибқи барномаи алоҳида.
4. Вазорати фарҳанг (О.Назарбеков) якҷо бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ (О.Ҳасанов), Иттифоқи нависандагон (С.Саидов) дар муҳлати як ҳафта муфовиқи Консепсия барнома ва сенарияи намоишҳои асосии театрикунонидашудаи консертиро, ки дар шаҳри Тошканд ба муносибати ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд, таҳия намояд;
5. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:
а) дар муҳлати як ҳафта бо назардошти нуктаҳои зерин барномаи чорабиниҳои минтақавиро аз рӯйи гузаронидани сайрҳои умумихалқии Наврӯз таҳия ва тасдиқ намоянд:
i) ороиши идонаи майдонҳои асосӣ, кӯча ва хиёбонҳо, ки сайрҳои умумихалқӣ ташкил мегарданд;
ii) андешидани чораҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди бадеӣ тайёр кардани сайр ва тамошоҳои мазкур якҷо бо сенариянависон ва режиссёрҳои пуртаҷрибаи маҳаллӣ, композиторону бастакорон, балетмейстерҳо, рассомони саҳна, иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод ва намояндагони санъати фолклор;
iii) дар доираи чорабиниҳои идона гузаронидани бозиҳои мардумӣ, намоишнома ва намоишгоҳҳои хоси ҳар як минтақа ва ташкили ошхонаҳои кушоди фурӯши таомҳои баҳорӣ;
б) ҳангоми омода кардани барномаҳои идона ва тамошоҳои оммавӣ, оро додани кӯча, майдон ва хиёбонҳо гурӯҳҳои эҷодӣ иборат аз мутахассисони ботаҷриба васеъ ҷалб карда шаванд;
в) гузаронидани тамоми чорабиниҳо бо риояи қатъӣ ба талаботи бехатарии ҷамъиятӣ таъмин гардад.
6. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти гузаронидани чорабиниҳои идона:
а) дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд дар ҳиссаи баробар;
б) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷаҳои маҳаллӣ ва хайрияҳои ҳомиён сарпӯш карда мешаванд.
7. Ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки рафти корҳои омодагӣ ва гузаронидани ҷашни умумихалқии Наврӯзро ҳамаҷониба инъикос намоянд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
6 марти соли 2026.