Дар оғоз роҳбари давлат бо муаррифии корҳо дар самти таъмини пайвастагии таҳсилот дар кишвар, натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои оянда шинос шуд. Дар павилйонҳои «Таҳсилоти томактабӣ», «Таҳсилоти мактабӣ», «Хонандагони болаёқат», «Таҳсилоти касбӣ» ва «Таҳсилоти олӣ» ислоҳоти дар тамоми марҳилаҳои таълими кӯдак — аз давраи аввали кӯдакӣ то касбомӯзӣ татбиқшаванда муаррифӣ шуданд.

Роҳбари давлат инчунин бо инфрасохтори таълимӣ ва илмии донишгоҳ шинос шуд. Ба ӯ дар бораи имкониятҳои барои донишҷӯён дар майдончаи «Муҳандисони оянда», озмоишгоҳи «Bloomberg», озмоишгоҳи таълимии физика, толори таълимии илмҳои муҳандисӣ ва маркази таълимии «Apple Training Center» фароҳам овардашуда маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин фаъолияти кластери зеҳни сунъии «IDROCK», озмоишгоҳҳои биотехнология ва биоинформатика, материалшиносӣ, технологияҳои лазерӣ ва нано, инчунин озмоишгоҳи мошинсозии «ADM» муаррифӣ гардид. Ин майдонҳо барои пайвастани донишҳои назариявии донишҷӯён бо машғулиятҳои амалӣ, фаъолияти таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳо пешбинӣ шудаанд.

Роҳбари давлат бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин шарикони хориҷии он, ки дар татбиқи барномаҳои байналмилалии таълимӣ иштирок мекунанд, суҳбат намуд.

Зимни боздид Президенти кишвар бо омӯзгорон ва мураббиёни фаъолу ташаббускори мамлакат барои ёдгорӣ акс гирифт.