баннер
31 Mar 2025
01:01

    Дар бораи рафти сохтмони роҳ маълумот пешниҳод гардид

    Ба Сарвари давлат дар бораи рафти татбиқи сохтмони роҳҳои автомобилгард ахборот дода шуд.

    Дар мамлакат беш аз 184 ҳазор километр роҳи автомобилгард мавҷуд аст. Бино ба таҳлилҳо, 25 дарсади роҳҳои молики аҳамияти байналмилалӣ бо сарбории зиёд кор мекунанд. Масалан, дар роҳи "Тошканд – Самарқанд", ки барои ҳаракати рӯзмарраи 32 ҳазор автомобил пешбинӣ шудааст, 25 ҳазор нақлиёт ҳаракат мекунад. Аз сабаби тамбашавиҳо гоҳо барои тай кардани ин масир 6 соат вақт сарф мегардад. То соли 2030 мумкин аст ин нишондод ба 80 ҳазор афзояд.

    Дар қарори Президенти Ӯзбекистон аз 10 октябри соли 2023 дурнамои ташкили роҳҳои автомобилгард муқаррар гардида буд. Мақсади асосии он, пеш аз ҳама, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ба аҳолӣ ва таҳкими занҷирҳои таъминоти логистикӣ дар иқтисодиёти миллӣ мебошад.

    Тибқи қарори мазкур ҷиҳати сохтмони роҳҳои муқобил аз Тошканд ба Самарқанд ва Андиҷон корҳо ҷараён доранд. Аз ҷумла, бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи роҳи “Тошканд – Андиҷон” таҳия гардид. Дар январ аз рӯйи сохтмони он тендери байналмилалӣ эълон гардид. Дар фурсати кӯтоҳ ба ин лоиҳа беш аз 30 ширкати бонуфузи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

    Дар натиҷаи ба истифода додани ин шоҳроҳи баландсуръат, ки 314 километр дарозӣ дорад, вақти сафар байни Тошканд ва Андиҷон аз 5 соат то 3 соат кам мешавад. Инчунин, ин барои 2,6 фоиз афзудани маҳсулоти умумии дохилӣ ва 40 фоиз кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.

    Боз як лоиҳа ба бунёди роҳи иловагӣ, ки Тошкандро бо Самарқанд мепайвандад, нигаронида шудааст. Бо иштироки коршиносони хориҷӣ асосҳои техникӣ-иқтисодии он таҳия гардидааст. Дарозии ин роҳи нав дар атрофи 300 километр хоҳад шуд. Дар натиҷа вақти сафар байни Тошканд ва Самарқанд аз 4,5 соат то 2,5 соат кам мешавад. Ҳоло дар роҳи мавҷуд тамбашавӣ хеле кам шудааст.

    Умуман, ин роҳҳои нав алтернативӣ ва қулай, ҳамзамон ҷавобгӯи тамоми талаботи муосир хоҳанд шуд. Дар онҳо барои ронандагон ва мусофирон хидматҳои гуногуни пулакӣ роҳандозӣ мешавад. Корхонаҳои бинокории маҳаллӣ низ дар рафти сохтмон иштирок карда метавонанд.

    Вазири нақлиёт дар бораи вазъи ин лоиҳаҳо тақдимот кард. Масъалаҳои суръат бахшидан ба корҳои геодезӣ, омодасозии майдони роҳҳо, ҷалб намудани маблағу ташкилотҳои пудратӣ ба сохтмон баррасӣ гардид.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech