22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

    Сайёраи сабз 22 May 2023 1592

    20 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии СММ 22 майро рӯзи қабули Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ, Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ эълон кард.

    Гуногунии биологӣ гуногунии шаклҳои ҳаётро дар сайёра тавсиф мекунад ва намудҳои сершумори организмҳои зинда, наботот ва ҳайвонот, инчунин системаҳои экологии ба онҳо тааллуқдоштаро ифода мекунад.

    Мавзӯи 22 майи соли 2023 "Аз созиш ба амал: барқарорсозии гуногунии биологӣ" мебошад.

    Қобили зикр аст, ки чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологии Кунмин-Монреал, ки моҳи декабри соли 2022 ба имзо расида буд, ҳадафҳо ва амалҳои мушаххасро барои боздоштан ва барҳам додани талафоти табиат то соли 2050 муқаррар кардааст.