Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати захираҳои табиӣ, 223 автобус ва электробусҳои нав аз Чин ба Тошканд оварда шудаанд, ки барои коҳиш додани партовҳои моддаҳои заҳролуд ба ҳаво хидмат мекунанд, зеро ин намуди нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб мешаванд.
Бояд гуфт, ки автобусҳо ва электробусҳои нав мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 феврали соли 2022 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи низоми нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд" оварда шудаанд.
То имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт дар беш аз 1000 самт намуди нави нақлиёт ҳаракат мекунад. Дар натиҷа миқдори газҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера соле ба ҳисоби миёна 1,2 ҳазор тонна кам мешавад.
Барои маълумот: дар моҳи феврали соли 2022 ба Тошканд 20 электробусҳои истеҳсоли чин оварда шудааст, ки онҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза, универсалӣ ва замонавӣ мебошанд. То соли 2025 дар назар аст боз 673 автобуси электрикӣ харид карда шавад.