29 июл Ӯзбекистон аз ИМА 3 миллион доза ваксинаи зидди коронавирус мегирад

    Тандурустӣ 27 Iyul 2021 945

    Ваксинаҳо тавассути барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷудо карда шуда, 29-уми июл тавассути рейси махсус аз иёлати Алабамаи ИМА ба Ӯзбекистон оварда мешаванд.

    Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳида беподош 3 миллион доза ваксинаи зидди коронавируси ширкати "Moderna"-ро ҷудо намудааст.

    Тибқи маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC), ваксинаи ширкати Moderna метавонад сирояти COVID-19-ро бо 94 фоиз самаранокӣ пешгирӣ кунад. Раёсати назорати санитарии сифати хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА (FDA) ваксинаи Moderna-ро барои пешгирии COVID-19 дар одамони 18-сола ва аз он болотар тасдиқ кард. Ваксинаи мазкур ҳамчун тазриқи дохили бофтаҳои мушак дода мешавад. Курси эмкунӣ аз 2 воя иборат аст, ки дар фосилаи як моҳ гузаронда мешаванд.

    Дар тафовут аз доруҳои ширкатҳои дорусозии Pfizer ва BionTECH, Moderna ваксинаеро пешниҳод мекунад, ки онро дар ҳарорати муқаррарии яхдон нигоҳ доштан мумкин аст, ки имкони содда гардондани тақсимоти минбаъдаи онҳоро дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон фароҳам меорад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates