Сарвари давлати моро ҳамроҳи ҳамсараш Подшоҳ ва Маликаи Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Роҳбарони ду кишвар аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду давлатро хайрамақдам гуфтанд.

Суруди миллии ду кишвар садо дод. Сипас, акси муштараки хотиравӣ гирифта шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин намояндагони хонадони шоҳӣ ва арбобони воломақоми давлатии Урдун иштирок карданд.