7-8 май дар вилояти Сурхондарё ҷашнвораи “Баҳори Бойсун ” баргузор мегардад

    Фарҳанг 4 Aprel 2022 1107

    7-8 май дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё Ҷашнворнаи кушоди фолклории «Баҳори Бойсун" баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 200 дастаҳои фолклорию этнографӣ иштирок намуда, асарҳои нодири санъати худро пешкаши тамошобинон мекунанд.

    Ҷашнвора аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маъмурияти вилояти Сурхондарё ва як қатор ташкилотҳои дигар, барои дастгирии арзиш ва анъанаҳои миллии мо ташкил карда мешавад.

    Дар доираи таҷлили ҷашн мусобиқаҳои васеъ оид ба гӯштини миллӣ, этноспорт, марафони велосипедронӣ, бузкашӣ, ресмонкашӣ, чилакӣ ва дигар бозиҳои мардумӣ пешбинӣ шудааст.

    Дар фарҷоми ҷашнвора ғолибони беҳтарин дастаҳои фолклорию этнографӣ ва беҳтарин бозиҳои майдонӣ, варзишӣ ва мардумӣ мукофотонида мешаванд.

    Барои маълумот, Бойсуни дилрабо, ки таваҷҷуҳи мардуми тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад, аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳасари «Мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии фарҳангии башарият» эътироф гардида, соли 2008 ба Рӯйхати репрезентативии «Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият»-и ЮНЕСКО» шомил гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates