Абдулла Арипов дар ҳамоиши «Дар роҳи барқароркунии Осиёи Марказӣ бидуни «COVID» иштирок кард

    16 июни соли равон дар шаҳри Алмаато Ҳамоиши дуюми минтақавӣ дар мавзӯи «Ба сӯи эҳёи Осиёи Марказӣ бидуни «COVID» баргузор гардид, ки аз ҷониби СММ ва Иттиҳоди Аврупо бо ташаббуси Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.

    Дар ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид У. Рао-Монари, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон А. Смаилов, раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон А. Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода, раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Туркманистон М. Мухаммедов иштирок карданд.

    Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ю. Урпилайнен ба иштирокчиёни ҷаласа паёми видеоӣ ирсол намуд.

    Дар ин ҳамоиш доир ба таъмини рушди иқтисодӣ дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор табодули афкор сурат гирифт. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ, амнияти озуқаворӣ, пешбурди ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, татбиқи стратегияи миллии баробарии гендерӣ, рушди босуръати энергетикаи "сабз", ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, модернизатсияи инфрасохтор ва ғайра ба сифати комёбиҳои афзалиятнок муайян шуданд.

    Бо дарназардошти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаккули фазои комилан нави ҳамкорӣ дар минтақа, дар ин ҳамоиш аҳамияти баррасии имкони таҳияи барномаҳои дахлдори рушди устувор, ки имкон медиҳанд, масъалаҳои мубрами худро якҷоя ҳал кунем, таъкид гардид.

    Дар доираи сафар ба Алмаато бо Сарвазири Қазоқистон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқотҳои дуҷониба доир гардид, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо нигаронида шудаанд, хабар медиҳад УзА.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates