Дар айни замон сохтмони комплекси нави аэродром пурра ба охир расид, ки он хати нави парвозу фурудоии дарозиаш 3105 метр ва бараш 60 метр, роҳҳои нави таксӣ ва перрон барои 24 истгоҳ барои ҳавопайморо дар бар мегирад.

Инчунин, дар маҷмӯи аэродром таҷҳизоти замонавии каммасрафкунандаи нури сигнализатсия ва системаи фуруд, ки ба категорияи дуюми ИКАО мувофиқанд, насб карда шудаанд. Сохтмони маҷмӯи аэровокзал идома дорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти “Uzbekistan Airports”.

Ёдовар мешавем, ки фурудгоҳи “Самарқанд” 20 октябр ба муносибати омодагӣ ба баҳрабардории маҷмӯи нави фурудгоҳ баста шуда буд.

Парвозҳо муваққатан ба дигар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ – «Навоӣ», «Бухоро», «Қаршӣ» равона карда шуда, аз он ҷо трансфери заминӣ барои мусофирон то Самарқанд ташкил карда шуд.