Афғонистон ба Ӯзбекистон дар 16 мошини боркаш мармари сафеди Ҳиротиро барои сохтмони маҷмааи Имом Бухорӣ супурд

    Имрӯз, 14 май, дар Маркази байналмилалии савдои Тирмиз вохӯрии намояндагони Ӯзбекистон ва Афғонистон баргузор гардид.

    Дар ин мулоқот намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматилла Эргашев, ҳокими вилояти Сурхандарё Улуғбек Қосимов, роҳбари Котиботи Сарвазири Афғонистон Мулло Абдул Восеъ ва волии вилояти Балхи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Вофо иштирок карданд.

    Тавре хадамоти матбуотии ҳокимияти вилояти Сурхандарё хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар, аз ҷумла густариши минбаъдаи равобити тиҷоратӣ, нақлиётӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар интиҳои мулоқот ҳайати Афғонистон ба Ӯзбекистон 16 мошини боркаши дорои мармари сафеди ҳиротиро супорид, ки барои сохтмони маҷмааи Имом Бухорӣ, ки дар шаҳри Самарқанд бунёд мешавад, фиристода шудаанд.

    Таъкид мешавад, ки чунин ҳамкории амалӣ ба таҳкими бештари наздикии таърихӣ, эҳтироми мутақобила ва дӯстии миёни ду халқи бародар мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates