Хонумон ва ҷанобон!
Аз истиқбол намудани тамоми иштирокдорони Анҷумани байналхалқии Тошканд «Афғонистон: бехатарӣ ва инкишофи иқтисодӣ» самимона шод ҳастам.
Хусусан ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Кутерриш барои дастгирии ташаббусамон дар бораи баргузор намудани анҷумани мазкур миннатдорӣ баён менамоям.
Иштироки вакили Котиби генералии СММ ҷаноби Маркус Потсел дар кори он гувоҳи моилии бебозгашти Созмони Милали Муттаҳид ба мақсадҳои мустаҳкамсозии сулҳ ва субот дар Афғонистон ба шумор меравад.
Аҳамияти мулоқоти имрӯзаро иштироки намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Аврупо, Чин, Русия, ИМА, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, минтақаи Осиёву уқёнуси Ором пурзӯр менамояд. Шумо бевосита ба қабули қарорҳо дар бобати бартарафсозии мушкилоти Афғонистон ва мадад ба мардуми Афғонистон ҷалб гаштаед.
Мо аз дидани роҳбарони Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамчунин намояндагони институтҳои байналхалқии молиявӣ ва марказҳои саршумори таҳлилӣ дар ҳамоиши имрӯза шод ҳастем.
Иштирокдорони анҷуманро аз ҳисоби ҳайати бонуфузи Афғонистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Амир Хон Муттақӣ хайрамақдам мегӯем.
Бовар дорем, ки анҷумани ҷорӣ ба табодули конструктивии афкор нисбати роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳокимияти нави Афғонистон, ки бо назардошти ҳамаҷонибаи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳон асос меёбад, мусоидат хоҳад кард.
Муҳатарам иштирокдорони анҷуман!
Дар тӯли ҳазорсолаҳо мардумони Ӯзбекистон ва Афғонистон паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ кардаанд. Моро маданият, маънавият ва арзишҳои таърихӣ, дин ва мероси ягонаи ниёкони бузург муттаҳид месозад.
Таъкид бояд кард, ки бе суботнокӣ дар соҳили дигари Амударё ба бехатарӣ ва рушди устувор дар Ӯзбекистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ ноил гардидан ғайриимкон мебошад.
Бинобар ин кам гардидани эътибори ҷаҳон ба Афғонистон наметавонад нигарон насозад, ки он бо буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар таърихи навини худ мувоҷеҳ мегардад.
Мо боварӣ дорем, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон метавонад ва бояд аз такрори хатогиҳои солҳои 1990 худдорӣ намояд.
Ба бегонасозии байналхалқии Афғонистон набояд роҳ дод, ки бешак ба минбаъд хароб гардидани вазъияти гуманитарӣ мебарад. Сухан дар бораи тақдири миллионҳо одамон меравад.
Ҳоло Ҳукумати муваққатии Афғонистон дар заминаи сохтмони сулҳомези мамлакат иқдоми муайян мегузорад, барои беҳсозии вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ, роҳандозии муносиботи дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя, ҳамкории муфиди тарафайн бо ҷомеаи ҷаҳон кӯшиш менамояд. Ва мо ин кӯшишотро рағбатнок намоем ва дастгирӣ созем.
Ҳамзамон шартҳои асосии барқарор гардидани сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон ташаккул додани намояндагии фарогири тамоми қишри ҷамъияти Афғонистон дар идораи давлат, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои аслии инсон, хусусан занон ва тамоми гурӯҳҳои милливу динӣ боқӣ мемонад.
Мо аз ҳукумати имрӯзаи Афғонистон даъват менамоем, ки иродаи қатъӣ зоҳир намуда, барои бартарафсозӣ ва муқовимат бар зидди терроризм дар ҳар шакл ва зуҳури он чорабиниҳои қатъӣ андешад, бо тамоми ташкилотҳои байналхалқии террористӣ алоқаҳои худро қатъ намояд.
Ин ба мустаҳкам гардидани боварӣ ба Ҳукумати муваққатӣ мусоидат намуда, истиқболи воқеиро барои рушди босуботи Афғонистон дар фазои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳамкории тарафайни муфид бо ҳамсояҳои наздики худ ва ҷомеаи ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Дӯстони азиз!
Резолютсияи махсусе, ки Ассамблеяи генералии СММ ба қарибӣ дар бораи мустаҳкамсозии вобастагии байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қабул намуд, инчунин аҳамияти муҳими нигоҳ доштани сулҳро дар Афғонистон барои таъмини бехатарии байналхалқӣ собит намуд.
Мо, тамоми ҷомеаи ҷаҳон бо мардуми Афғонистон ҳамбастагиро бояд зоҳир намоем. Мо бояд кӯшишоти худро ба бунёди пешомади воқеии Афғонистон – чун мамлакати сулҳҷӯ, босубот ва шукуфон, холӣ аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир равон намоем.
Барқарор намудани иқтисодиёти Афғонистон кори умумии афзалиятноки мо бояд бошад, ки дар даст ёфтан ба сулҳи қатъӣ дар ин мамлакати заҳматкашида шарти муҳим ба шумор меравад. Аз он ҷумла, ин ҳамгароии онро ба ҷараёнҳои иқтисодии байниминтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим фаро мегирад.
Ӯзбекистон, аз ҷониби худ ба кӯшишоти байналхалқӣ дар бобати ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳёи гуманитарии Афғонистон, аз он ҷумла бо пешбурди лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори фароминтақавӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар охир мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки анҷумани имрӯза барои мубоҳисаҳои босамар ва таҳияи бархурдҳои ҳамоҳанггардидае, ки ба манфиат ва ормонҳои мардуми Афғонистон ҷавобгӯ мебошад, майдони боровар мегардад.
Ба ҳамаи иштирокдорони анҷуман кори бобарор мехоҳам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон