Дар рафти мулоқот директори Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирон Беҳзод Мӯсоев бо намояндагони ширкат масъалаи ҷалби ӯзбекистониёнро ба иштирок дар лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ дар ҳудуди Туркия муҳокима кард.
Дар марҳилаи аввал, аллакай моҳи декабр, ба кор дар Туркия 60 шаҳрванди Ӯзбекистон фиристода мешаванд. Тибқи шартномаҳои меҳнатӣ, ҳамаи хароҷот, аз ҷумла нақлиёт, зист, се вақт ғизо, либоси махсус ва воситаҳои ҳифзи инфиродиро корфармо ба зимма мегирад.
Илова бар ин, ширкат музди меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатиро кафолат медиҳад.
«Мо шароити меҳнати ӯзбекистониёнро, ки дар лоиҳаҳои мо фаъолият мекунанд, бодиққат назорат хоҳем кард ва аллакай дар моҳи январи соли 2024 боз 1350 мутахассисро дар бозори меҳнати Туркия бо кор таъмин хоҳем кард», - қайд намуд директори идоракунии кадрии ширкати Kalyon Insaat Акин Кирчичек.
Маълумот: Kalyon Insaat Sanayi Ve Ticaret A.Ş. аз соли 1974 дар Туркия фаъолият дошта, лоиҳаҳоро дар соҳаи сохтмон, энергетика ва нақлиёт амалӣ менамояд. Аз ҷумла, аэропорти Истамбул, нақби роҳи оҳани Мармарай зери гулӯгоҳи Босфор ва бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар Карапинар аз иншооти барҷастаи ширкат ба шумор мераванд.