Агентии кор бо ҷавонон мақоми махсуси ваколатдор дар соҳаи волонтёрӣ таъин гардид

    Мувофиқи қонуни аз ҷониби Президент ба имзо расида (ҚҶӮ №863 аз 18.08.2023) ба Қонун «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

    Тибқи иловаҳои воридшуда, Агентии кор бо ҷавонони назди Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи волонтёрӣ мебошад.

    Агентӣ аз ҷумла:

    дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳаи мазкур иштирок менамояд;

    лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқиро таҳия ва татбиқ менамояд;

    оид ба такмили қонунгузорӣ таклифҳо пешниҳод мекунад.

    Қонун ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроияро дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян мекунад.

    Инчунин, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа, татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ваколатҳо дода шуд.

    Қонуни мазкур аз рӯзи расман чоп шуданаш эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад вазорати адлия.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates