Зимнан зикр гардид, ки ин ширкат як қатор лоиҳаҳоро оид ба мониторинги хушксолӣ ва таркиби хок барои созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ ва Агентии кайҳонии Аврупо амалӣ кардааст.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаи озмоишии истифодаи технологияҳои кайҳонӣ дар соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон, ташкили тренингҳо барои баланд бардоштани малакаи кормандони Агентӣ, омода ва маблағгузории лоиҳаҳои муштаракро бо институтҳои молиявии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои дар хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии ҷангал истифода бурдани технологияи кайҳонӣ баррасӣ намуданд, хабар медихад хидмати матбуоти «Ӯзбеккосмос».