Сохтмони шаҳраки Ал-Хоразмӣ оғоз ёфт

    Ҳукумат 29 Avgust 2022 7153

    Президент Шавкат Мирзиёев 29 август ба таҳкурсии шаҳраки Ал-Хоразмӣ дар шаҳри Урганҷ капсула гузошт.

    Сарвари давлат дар моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафараш ба вилоят бо ин лоиҳа шинос шуда, барои беҳбуди он дастурҳо дода буд. Рамзист, ки татбиқи лоиҳаи такмилёфта дар ин рӯзҳо – дар арафаи ҷашни Истиқлолият оғоз мегардад.

    Дар ин маросим пиронсолон, занон ва ҷавонони Хоразм ширкат доштанд. Президент бо онҳо суҳбат кард.

    — Тамоми комёбиҳои илм ва электроникаи ҳозиразамон аз мероси мислаш диданашудаи илмии бобои мо Ал-Хоразмй сарчашма мегиранд. Мо бояд на танҳо фахр кунем, балки сазовори он бошем. Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар шаҳри Урганҷ ба номи олими бузург шаҳраки алоҳида бунёд кунем, — гуфт сарвари давлат.

    Ин шаҳрак дар паҳлӯи фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ дар майдони беш аз 130 гектар бунёд мешавад. Ин ҷои зебо аввалин шуда дар пеши назари муксофироне, ки дар назди самолёт қарор мегиранд, пайдо мешавад. Дар маркази шаҳр ҳайкали муҳташами Ал-Хоразмӣ қомат рост мекунад.

    Дар ин ҷо донишгоҳи нави ба номи Ал-Хоразмӣ низ ташкил карда мешавад. Дар он барои бачагони соҳибистеъдод мактаби махсус сохта мешавад. Хатмкардагони он дар оянда анъанаҳои ниёгони бузурги моро идома дода, дар марказҳои илму навоварӣ ва фарҳанги дар шаҳр бунёдшуда кор хоҳанд кард.

    Дар шаҳрак инчунин технопарку офисҳо, муассисаҳои тиббию фарҳангӣ, хиёбонҳо, мактабу боғчаҳо, маҷмӯъҳои варзишӣ, таваққуфгоҳҳо, муассисаҳои савдо ва маишӣ пайдо мешаванд. 104 хонаи истикоматй барои 5000 квартира сохта мешавад. Иншоотҳо бо технологияҳои "оқил" муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

    Сарвари давлатамон бинокорони маҷмӯъро бо Рӯзи истиқлолият табрик гуфта, ба онҳо дар кори масъулиятноку шарафнокашон комёбиҳо таманно намуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates