Ассотсиатсияи либос ва пойафзоли Амрико аз кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ истиқбол мекунад

    Ҳайати Ӯзбекистон, ки таҳти сарварии раиси Олий Мажлис Танзила Норбоева бо боздиди корӣ дар ИМА шуд, бо президенти Ассотсиатсияи либос ва пойафзоли Амрико (AAFA) Стив Ламар мулоқот анҷом дод.

    Ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар оғози суҳбат ба ҷониби Амрико дар бораи ислоҳот дар Ӯзбекистон дар соҳаи ҷорӣ намудани усули нави кластерӣ дар парвариш ва коркарди пахта, барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ дар ҷамъоварӣ ва парвариши пахта, дастгирии мунтазами давлатӣ ба корхонаҳои нассоҷӣ, инчунин имкониятҳои наве, ки пас аз бекор шудани бойкоти ҷаҳонии пахтаи Ӯзбекистон аз ҷониби Эътилофи байналмилалии Cotton Campaign ба вуҷуд омадааст, маълумот дода шуд.

    Раҳбари AAFA Стив Ламар таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ ба пешрафтҳои бебаҳо ноил шуда, ба бозори ояндадори корхонаҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ табдил ёфтааст. Вай гуфт, ки ҳоло кишвар метавонад дар татбиқи модели тиҷор, ки ба амалияи одилонаи харид асос ёфта, кори шоистаро дар ҳама сатҳҳои занҷири интиқол таъмин мекунад, пешсафият нишон диҳад.

    Ба гуфтаи Стив Ламар, саноати нассоҷии ИМА айни замон бо суръати тез ба стандартҳои нави ҳифзи муҳити зист, сиёсати иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) мегузарад. "Саноат ҳоло ба риояи стандартҳои меҳнат ва стандартҳои иҷтимоӣ барои ҳама таъминкунандагони эҳтимолӣ талаботҳои бештар мегузорад" - гуфт роҳбари AAFA.

    Дар хотимаи мулоқот оид ба мутобиқсозии саъю кӯшиши ҷалби ритейлер ва брендҳо аз сафи аъзои AAFA ба кори форуми пешистодаи байналмилалӣ дар Тошканд мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад, АИ "Дунё".

    Барои маълумот: Ассотсиатсияи либос ва пойафзоли амрикоӣ соли 2000 дар натиҷаи якҷояшавии Ассотсиатсияи либос ва истеҳсолкунандагони амрикоӣ (AAMA) ва Footwear Industries of America (FIA) таъсис ёфтааст. Ҳадафи ширкат мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароитест, ки дар он саноати дӯзандагии ИМА метавонад дар иқтисоди ҷаҳонӣ рақобатпазир ва фоидаовар фаъолият кунад. AAFA беш аз 1000 бренди ҷаҳониро дар саноати либос ва пойафзол муаррифӣ мекунад, аз ҷумла "Versace", "Adidas", "Ralph Lauren", "The Walt Disney Company", "LACOSTE", "Levi Strauss & Co.", "DKNY", "Gap", "Inc.", "Calvin Klein, Inc.", "Forever 21", "ECCO", "The North Face", "Tommy Hilfiger USA, Inc. ва дигарон. Ҳаҷми фурӯши солонаи онҳо танҳо дар ИМА беш аз 350 миллиард долларро ташкил медиҳад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates