«Нуқтаҳои рушди» нави вилояти Андиҷон муайян ва вазифаҳову самтҳои баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ мушаххас шуданд

    Ҳукумат 18 Iyun 2021 5177

    Дар шаҳри Андиҷон бо иштироки ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои давлатӣ, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, фаъолони ҷамъиятӣ машварат баргузор шуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳолати кунунии вилояти Андиҷон баҳо дод ва вазифаҳоро бинобар рушди ҳамаҷонибаи минтақа муайян кард.

    – Мақсад аз сафари мо ба Андиҷон таҳлил кардани мушкилоти мардум, дақиқ намудани нақшаҳо, афзун сохтани даромад ба сари ҳар аҳолӣ, беҳтар намудани шароити ҳаёт дар маҳаллаҳо мебошад. Моро зарур аст, ки ба ҳар кадом натиҷа бо нуқтаи назари танқидӣ нигоҳ кунем. Бояд дарк намоем, ки боз чи гуна «нуқтаҳои рушд»-и Андиҷон мавҷуданд, мардумро чӣ ба ташвиш овардааст ва барои ин чораҳои дахлдор қабул кунем. Роҳбарони мақомоти иҷроия ва депутатҳои маҳаллиро зарур аст, ки ҷаҳонбинии худро тағйир диҳанд. Агар онҳо ҷаҳонбинии худро дигаргун карда, фидокорона меҳнат намоянд, ҳама чиз ба хубӣ тағйир меёбад, – гуфт Президент.

    Ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, коҳиш додани нодорӣ, ташкил кардани ҷойҳои корӣ эътибори махсус дода шуд. Қайд гардид, ки имкониятҳо дар 882 маҳаллаи вилояти Андиҷон омӯхта, дар пояи намудҳои таърихии фаъолияти аҳолӣ «нуқтаҳои рушд»-и самарабахш, аз ҷумла ҳунармандӣ, хоҷагии боғ, боғпарварӣ, гулпарварӣ ва паррандапарварӣ муайян карда шуданд. Ба ҳар як маҳалла соҳибкорон вобаста мегарданд ва барои онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

    Соли равон аз Бунёди таҷдид ва тараққиёт барилова 100 миллион доллар барои дастгирии тиҷорати хурду миёна ва бо маблағтаъминкунии лоиҳаҳои сармоявии минтақа ҷудо карда мешавад.

    Дар солҳои 2021-2022 дар вилоят 584 лоиҳаи сармоявӣ ба маблағи тақрибан 20 триллион сӯм татбиқ мегардад, 60 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд. Саноати бофандагӣ, сохтмон, электротехника, чарму пойафзор, хӯрокворӣ ва доруворӣ муҳаррикони пешрафт муайян гардиданд.

    Соли равон дар корхонаҳои «Асака текстил»-и ноҳияи Асака ва «Зумрад текстил»-и ноҳияи Ҷалолобод, корхонаи семонбарорӣ ва кластери маводи сохтмони ноҳияи Хӯҷаобод, ҳамчунин корхонаи истеҳсоли сӯзандору дар минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷонфарм» иқтидорҳои нав ба кор супурда мешаванд.

    Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ вазифаҳо мушаххас гардиданд. Аз ҳисоби иҷораи такрории 70 ҳазор гектар замин, ки аз ҳосили ғалла холӣ шудаанд, метавон 220 ҳазор шахси бекорро бо шуғл таъмин кард.

    Роҳбари давлат ба имкониятҳои гулпарварӣ эътибори махсус дод.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates