баннер
26 Apr 2025
23:42

    Сарвари давлат ташаббус пеш гузошт, ки ҳар сол дар шаҳри Андиҷон ҷашнвораи рассомон баргузор карда шавад

    Президент бо рафти корҳои созандагӣ дар Андиҷони Нав шинос шуд.

    Андиҷон минтақае мебошад, ки аҳолӣ хеле зич ҷойгир шудааст. 10 дарсади аҳолии Ӯзбекистон дар 1 дарсад замини он истиқомат мекунанд. Бинобар ин, соли 2021 бо ташаббуси сарвари давлат сохтмони шаҳри нав оғоз ёфта буд. Президент зимни сафари навбатӣ аз нахустин натиҷаҳои лоиҳа боздид кард.

    Ин шаҳр дар саҳрои ноҳияи Андиҷон, дар 4 ҳазор гектар майдон, ки барои кишоварзӣ истифода нашудааст, сохта мешавад. Сохтмон дар ҳашт марҳила ба нақша гирифта шуда, ҳоло 63 бинои дорои 1 ҳазору 770 хонадон ба истифода супорида шудааст. Инчунин, мактаби дорои 1 ҳазору 680 ҷойи нишаст, кӯдакистон барои 420 нафар ва поликлиника барои 250 нафар бунёд гардидааст. Корхонаи саноати сабук ва маркази ипотека ташкил гардидааст.

    Сарвари давлат минтақаро давр зада, маҷмааҳои навро аз назар гузаронд. Ба аксар хонадонҳои тайёр аллакай оилаҳо омада, истиқомат мекунанд. Шодмониҳои кӯдакон дар майдончаҳои бозӣ ба дил сурур ва тан роҳат мебахшад. Корҳои сохтмон босуръат идома ёфта, имсол боз 40 бинои бисёрошёнаи дорои беш аз ҳазор хонадон сохта мешавад.

    Иншоот бо шабакаҳои зарурӣ – роҳ, неруи барқ, гази табиӣ, об ва гармӣ таъмин шудаанд. Барои таъимни аҳолӣ бо оби нӯшокӣ иншооти нигоҳдорӣ ва интиқоли об бо ғунҷоиши чор ҳазор метри мукааб фаъолият дорад.

    Дар 19 гектар майдон боғи “Ӯзбекистони Нав” сохта шуда, беш аз даҳ ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, бутта ва гулҳо шинонида шуд. Ин боғ дорои амфитеатр, масканҳои истироҳатӣ, пайроҳаҳои декоративӣ, кафе, майдончаҳои бозӣ ва низоми равшанидиҳӣ буда, ба ҳусни Андиҷони Нав шукӯҳ мебахшад.

    “Боғи ватанпарвар”, ки дар ин ҷо воқеъ аст, маънои бузурги рамзӣ дорад. Ёдгории “Савганд бар Ватан”, осорхона, майдонҳои консерт ва тамошои боғ дар меҳмонон таассуроти хуб мегузоранд.

    Доираи лоиҳа васеъ аст. Дар 1 ҳазору 439 гектар майдони минтақа 2 ҳазор манзили истиқоматии бисёрошёна қад рост мекунад. Инчунин, растаҳои савдо ва хидматрасонӣ, дар 1 ҳазору 820 гектар майдон минтақаҳои сабз ташкил мегардад.

    Баъди ба охир расидани сохтмон дар ин ҷо беш аз 410 ҳазор аҳолӣ метавонанд истиқомат кунанд.

    Дар ин ҷо лоиҳаҳои нави сохтмонӣ ва ободонӣ муаррифӣ гардид. Бино бар он, боғи истироҳати ба номи Алишер Навоӣ бозсозӣ мегардад. Дар Андиҷони Нав муҷассамаи Заҳириддин Муҳаммад Бобур гузошта мешавад. Президент оид ба ифодаи воқеии симои Бобур ва ҳамоҳанг кардани манзараи гирду атрофи он ба сулолаи Бобуриён андешаҳои худро иброз намуд.

    Роҳбари давлат дар боғи нав намоишгоҳҳои ҳунармандӣ, бадеӣ ва санъати амалиро тамошо кард. Ташаббуси ҳар сол дар Андиҷон гузаронидани фестивали мусаввиронро ба миён гузошт.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech