"Мо ба наздикӣ озмоишҳои пурраи парвозии мушаки гиперсадои ғайриҳастаиро аз пойгоҳи Нерӯҳои кайҳонии ИМА дар Канаверал, иёлоти Флорида, бомуваффақият анҷом додем", - омадааст дар изҳорот.
Дар бораи санаи дақиқи озмоиш маълумот дода нашудааст.
Вазири Неруҳои ҳарбии баҳрии ИМА Карлос дель Торо ин озмоишро, ки дар Флорида баргузор шуд, "марҳалаи муҳим дар рушди яке аз пешрафтатарин системаҳои силоҳии дар Вашингтон мавҷуда" номид.
Маҷмааи Dark Eagle аз ҷониби корпоратсияи Lockheed Martin таҳия шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки мушак метавонад суръати зиёда аз 6 000 км/соатро ба даст оварад ва масофаи парвози он беш аз 2 775 километрро ташкил медиҳад.