Ширкати ҳавопаймоии AirAsia парвозҳои навро тавассути Тошканд оғоз мекунад

    Сайёҳӣ 1 Avgust 2025 1797

    Ба муносибати оғози парвозҳои мунтазам дар масири «Куала-Лумпур – Тошканд – Куала-Лумпур», ки аз 14 ноябри соли 2025 шурӯъ мешавад, ширкати пешқадами ҳавопаймоии Малайзия — AirAsia чорабинии тантанавиро баргузор намуд.

    Дар маросим раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон У. Шодиев, сафири Малайзия дар Ӯзбекистон Илҳом Туа бин Иллиас, роҳбарияти ширкати AirAsia, инчунин намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

    AirAsia яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷанубу шарқи Осиё маҳсуб ёфта, дорои парки ҳавопаймоии бузург мебошад. Ширкат ба 136 самти байналмилалӣ ва 258 хатсайр хизмат мерасонад ва ба шарофати нархҳои дастрасу сатҳи баланди хизматрасонӣ обрӯ пайдо кардааст.

    Оғози ин парвоз ба афзоиши ҷараёни сайёҳон ба Ӯзбекистон аз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё, ба монанди Малайзия, Индонезия, Сингапур ва дигар бозорҳои мақсадноки минтақа мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates