Дар маросим намояндагони Кумитаи сайёҳӣ, "Centrum Air", ширкатҳои сайёҳӣ, васоити ахбори омма ва мусофирони парвоз ширкат доштанд.
Аввалин парвозҳо ҳафтае як маротиба, танҳо рӯзҳои якшанбе бо ҳавопаймои Airbus 321neo бо зарфияти 190 курсии эконом-класс ва 12 курсии бизнес-класс анҷом дода мешаванд.
Ифтитоҳи парвозҳо ба Шарм-эл-Шайх боз як қадами муҳим дар соҳаи авиатсияи Ӯзбекистон аст, зеро он ба густариши ҷуғрофиёи парвозҳо ва рушди сайёҳӣ байни ҳамватанон мусоидат мекунад.
Барои маълумот: "Centrum Air" як ширкати ҳавопаймоии хусусист, ки ба ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон ва бор тахассус дорад. Он соли 2023 дар чаҳорчӯби ташаббуси ҳукумат ҷиҳати беҳтар кардани сифати парвозҳо барои сокинони Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Аз марти соли 2024 "Centrum Air" ба Батуми, Доҳа, Дубай, Тбилиси, Санкт-Петербург, Самарқанд, Урганч ва Тошканд парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.