Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сайёҳӣ ва мероси маданӣ, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим" А.Абдуҳакимов, муовини директори генералии ЮНЕСКО Стефания Ҷаннинӣ иштирок карданд.
Муаллифи ёдгории «Дарахти сулҳ» Хедва Сир мебошад. Асарҳои ҳайкалтароши барҷаста Хедва Сер дар тамоми ҷаҳон маълуманд.
Чунин муҷассамаи «Дарахти сулҳ» дар Исроил, Олмон, ИМА, Озарбойҷон, Қазоқистон, Андорра, Юнон, Малта ва ғайра ҳаст. Дар тамоми ҷаҳон 17 адад мавҷуд аст.
Эътирофи васеи ин осори бадеӣ дар ҷаҳон аз он иборат аст, ки муаллиф дар пайкарасозӣ рамзҳои се дини пешсаф – яҳудӣ, мусалмонӣ ва насрониро ба ҳам пайвастааст.