Ба сармояи бонкҳо инвеститсияҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд

    Ҳукумат 28 Mart 2023 4001

    Президент Шавкат Мирзиёев 28 март бо тақдимоти ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба сармояи «Асакабонк» ва «Ӯзпромстройбонк» шинос гардид.

    Аҳамияти низоми бонк дар иқтисодиёт хеле калон аст. Дар натиҷаи ислоҳот дар ин соҳа дар се соли охир дар мамлакатамон ҳаҷми кредити бонк 2 баробар, сармояи бонк 1,6 баробар афзуд.

    Бонкҳои ватанӣ бори аввал рейтинги байналхалқии бонуфузи кредитро ба даст оварда, дар бозорҳои сармояи байналхалқӣ евробондҳо ҷойгир намуданд.Миқдори бонкҳои хусусӣ зиёд гардид.

    Инчунин ба бозори Ӯзбекистон бонкҳои бонуфузи Венгрия, Қазоқистон, Гурҷистон, Туркия дохил гардиданд. Дар натиҷаи трансформатсияи «Ипотекабонк» ба сармояи он сармоягузори стратегии хориҷӣ дохил карда шуд. Дар идомаи ин кор ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба сармояи «Асакабонк» ва «Ӯзпромстройбонк» ба нақша гирифта шудааст. Барои ин якҷоя бо институтҳои байналхалқии молия ба бонкҳои мазкур 30 нафар мутахассиси соҳибмалакаи соҳиби таҷрибаи байналхалқӣ ҷалб гардидаанд. Дар зарфи соли 2023 ба сармояи «Ӯзпромстройбонк» ҷалб намудани 125 миллион доллар, «Асакабонк» 100 миллион доллар пешбинӣ мегардад. Ба фаъолияти амалиётӣ IT-маҳсулоти замонавӣ ва беш аз 100 навъи нави хидмати бонкӣ татбиқ хоҳанд гардид.

    Дар натиҷаи ин корҳо, тавре ки интизор меравад, бинобар ҷамъбасти соли 2027 даромади «Ӯзпромстройбонк» 1,61 баробар, сандуқи кредит 1,74 баробар зиёд мегардад. Дар «Асакабонк» депозит 1,71 баробар, ҳаҷми маблағи бонк 1,72 баробар меафзояд. Аз ҳама муҳимаш, боварӣ ба инҳо ва дигар бонкҳои Ӯзбекистон дар бозори байналхалқии молия афзуда, ҷолибияти онҳо барои сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ меафзояд.

    Зимни тақдимот доир ба ҷалб, намудани мушовирони байналхалқӣ ба ин ҷараён, афзоиши сармоя ва ҷалби сармояҳои иловагӣ ба бонкҳо супоришҳо дода шуд

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates