Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод

    23 январи соли 2023 дар арафаи ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Тошканд, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дод.

    Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Муносибати мусбати ҷонибҳо ба ҳамкории зич ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи тавофуқоти раҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон тасдиқ гардид.

    Ҷадвал ва ҷанбаҳои гуногуни чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар сатҳи олӣ ва баланд баррасӣ шуданд.

    Пешниҳодҳо оид ба густариши кооператсияи тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Доир ба ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин доир ба баъзе масъалаҳои сиёсати минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Таъкид гардид, ки раисии Ӯзбекистон дар СҲИ ба фаъолияти он такони нав бахшида, ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар фазои СҲИ дар ҳама соҳаҳо хидмат мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates