Белгия Давлати Фаластинро эътироф кард

    Белгия ба гурӯҳи кишварҳое, ки Фаластинро ҳамчун давлат эътироф карданд, ҳамроҳ шуд.

    Тавре ки Report хабар медиҳад, дар ин бора сарвазири подшоҳӣ Барт Де Вевер дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ изҳорот дод.

    «Белгия ҳамеша принсипи ду давлатро ҳимоя мекард ва имрӯз ба имзокунандагони Эъломияи Ню-Йорк пайваст. Танҳо чунин қарор имкон медиҳад, ки сокинони Исроил ва Фаластин паҳлуи ҳам дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд», — гуфт сарвари ҳукумат.

    Де Вевер гуфт, ки: «Изҳороти ахири сиёсатмадорони исроилӣ, аз ҷумла нахуствазир [Бинямин Нетаняҳу], ки гӯё Давлати Фаластин вуҷуд нахоҳад дошт, як сабаби иловагӣ мебошад, ки мо бояд фаластиниҳоро дар ин масъала дастгирӣ кунем. Аз ин рӯ, Белгия имрӯз бо ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи кишварҳое, ки дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ эълон карданд, ки Давлати Фаластинро эътироф мекунанд, ба ҷаҳониён паёми қавии сиёсӣ мефиристад».

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates