Дар ин бора нашри Al Arabiya хабар додааст.
Вай инчунин афзуд, ки барои расидан ба сулҳ баъзе вазифаҳо боқӣ мондаанд.
Бино ба таъкиди Нетаняҳу, «Ҳизбуллоҳ» ва Ҳусиҳо низ зарбаи сахт гирифтанд ва Исроил "Амрикоро аз Эрон муҳофизат мекунад".
Дар ҳамин ҳол, даври аввали музокироти миёнаравҳо ва намояндагони Ҳамос дар осоишгоҳи Шарм-уш-Шайхи Миср ба анҷом расид.
Бино ба гузориши расонаҳои Миср, мулоқотҳо рӯзи сешанбе идома ёфта, тибқи нақшае, ки Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кардааст, баргузор мешаванд.
Музокирот дар пасманзари дувумин солгарди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7 октябри соли 2023, ки боиси фавти 1219 нафар гардида буд, сурат мегирад. Ҳамзамон, ҷангҷӯён 251 нафарро рабудаанд, ки ба гуфтаи артиши Исроил 47 нафари онҳо дар Ғазза қарор доранд, 25 нафар аз гаравгонҳо кушта шудаанд.
Дар посух ба ин, Исроил як амалиёти густардаи низомии зидди Ҳамосро дар замин, ҳаво ва дар баҳр оғоз кардааст. Тибқи маълумоти идораҳои тандурустии Ғазза дар давоми ду соли набардҳо беш аз 67 ҳазор фаластинӣ кушта ва зерсохтҳои ин қаламрав осеби ҷиддӣ дидааст.
Музокирот дар Миср яке аз охирин талошҳо барои ба даст овардани оташбас ва ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани низоъ аст, хабар медиҳад report.az.









