Дар анҷоми сафари худ ба шаҳри Самарқанд Президент Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи ёдгории Ҳазрати Хизр ташриф оварда, ба Президенти Нахустини кишварамон Ислом Каримов эҳтиром ба ҷо овард ва мақбараи ӯро зиёрат кард.
Сураҳо аз Қуръон қироат ва дуо хонда шуд.
Ёдоварии гузаштагон, ободонии оромгоҳҳо ва эҳтиром ба хотираи ниёгон арзишҳои муҳими маънавии халқи мо мебошанд. Мақбарае, ки бо ташаббуси Президент бунёд шудааст, ба макони зиёрат ва рамзи эҳтироми амиқ табдил ёфтааст. Дар моҳи мубораки Рамазон чунин амалҳои нек дар саросари кишвар анҷом дода мешаванд.