Дар доираи барномаи сафар ба пойтахти Аморат шаҳри Абу-Даби роҳбари Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён мулоқотҳои судманд ва бо роҳбарони созмонҳои бонуфузи давлатӣ, ширкатҳо ва бонкҳои ин кишвар мулоқот анҷом дод.
Аз рӯи ҷамъбасти музокирот маҷмӯи устувори ҳуҷҷатҳои дуҷониба, аз ҷумла Эъломия дар бораи барқарор намудани шарикии стратегӣ қабул гардид.
Сарвари давлатамон дар маросими ифтитоҳи Саммити байналмилалии «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби» ва сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи Шайх Зоид барои рушди устувор низ ширкат варзида, дар ҷаласаи умумии ҳамоиш як қатор ташаббусҳои муҳим ба миён гузошт.
Имрӯз дар Дубай бо ноиби Президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, Амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид Ол Мактум гуфтушунид анҷом ёфт.
Дар фарҷоми чорабиниҳои сафар меҳмони олиро дар фурудгоҳи байналмилалии Дубай президенти Департаменти авиатсияи шаҳрвандии Дубай ва раис ва директори генералии гурӯҳи ширкати Emirates Шайх Аҳмед бин Саид Ол Мактум ва вазири оид ба корҳои АМА Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Гергавӣ гусел карданд.
Сарвари давлати мо ба Тошканд рафт.