Дар Душанбе форуми соҳибкорони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд

    Тиҷорат 24 Sentabr 2021 709

    Дар Душанбе, 23 сентябр бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон форуми тиҷоратӣ баргузор шуд, ки он дар формати B2B идома ёфт. Чорабинӣ дар доираи миссияи тиҷоратии "Made in Uzbekistan" аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

    Ҳайати Ӯзбекистонро зиёда аз 40 ширкатҳое, ки дар соҳаҳои бофандагӣ, чарм ва пойафзол, хӯрокворӣ, заргарӣ, дорусозӣ, сохтмон ва мебел фаъолият доранд, намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

    Ҳадафҳои баргузории он ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани истеҳсолот дар қаламрави Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошанд.

    Ба соҳибкорони Ӯзбекистон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин дар бораи афзалиятҳо ва имтиёзҳое, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ҳама маълумоти зарурӣ дода шуд.

    Чӣ хеле ки мушовири тиҷоратию иқтисодии Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Отабек Алимов, қайд кард, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 500 миллион долларро ташкил медиҳад.

    «Дар давоми ду соли охир гардиши байни тиҷоратӣ танҳо афзоиш меёбад. Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳое, ки дар ин замина қабул шудаанд, тамоюли мусбат дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд дорад», - гуфт ӯ.

    Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир форуми тиҷоратиро натиҷаи ҳамкории муассири ду кишвар номида, қайд кард, ки робитаҳои доираҳои тиҷоратии ду кишвар сол то сол густариш меёбанд.

    «Имрӯз ҳузури умумии сармоягузории ширкатҳои Ӯзбекистон дар иқтисоди Тоҷикистон 22,5 миллион долларро ташкил дод. Фаъолияти ширкатҳои Ӯзбекистон дар бозори Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Дар кишвари мо зиёда аз 60 ширкат бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият мекунанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ воридоти сармоя аз Ӯзбекистон ба иқтисоди Тоҷикистон 86,6% афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин маълумот, мо итминон дорем, ки барои густариши равобити иқтисодӣ аз ҳама имконот ва потенсиали мавҷуда истифода хоҳем бурд ”, - гуфт Хуршедаи Қодир.

    Дар ҷараёни форум ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нияти худро барои боз ҳам афзоиш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ иброз доштанд.

    24 сентябр дар намоишгоҳи доимӣ таҳти бренди "Made in Uzbekistan" дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он маҳсулоти 14 соҳа: кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва либоси тайёр, лавозимоти чармин ва пойафзоли таъиноти гуногун, матоъ ва маснуоти абрешимӣ, электроника ва техникаи маишӣ, мебел, асбобҳои санитарӣ, заргарӣ ва ғайра намоиш дода мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates