Тавре ки Report бо истинод ба агентии Anadolu хабар медиҳад, ӯ аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.
Гутерриш аз Исроил даъват кард, ки ҳамлаҳоро қатъ намояд.
Қайд кардан лозим аст, ки қаблан дар бораи ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Сурия иттилоъ пайдо шуда буд. Пеш аз ин, радиои "Галей ЦАХАЛ"-и Исроил хабар дода буд, ки баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии муваффақ ба Сурия имконияти ҳамла ба объектҳои ҳастаии Эрон пайдо мешавад.