Низоми гумрук зинаи муҳими пайвасткунандаи байни иқтисодиёти дохилӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Агар ин низом дуруст ва шаффоф кор накунад, садди роҳи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мешавад.

Аз ин рӯ, дар соли 2019 ислоҳоти маъмурӣ ва расмиёти гумрукӣ оғоз гардид. Аз ҷумла, дар посгоҳҳои гумрукӣ долонҳои назорати содда ташкил карда шудаанд. Имрӯз 95 фоизи мусофирон ва 75 фоизи бор тавассути онҳо мегузарад. 60 намуди иҷозатномаҳо, ки қаблан аз ҷониби 12 шӯъбаи гуногун дода мешуданд, акнун тавассути «равзанаи ягона» ба таври электронӣ дода мешаванд. Дар натиҷа, вақти барасмиятдарории гумрукӣ 10 маротиба кам шуд.

Дар Стратегияи рушд барои солҳои 2022-2026 мақсади то 30 миллиард доллар расондани ҳаҷми содирот ва ба 7 миллион расондани сайёҳони хориҷӣ гузошта шудааст. Ин ба зиммаи мақомоти гумрук масъулияти махсус мегузорад.

Ба ин муносибат, дар ҷамъомад масъалаҳои рушди низоми гумрукӣ, беҳбуди шароит дар посгоҳҳо эътибори алоҳида дода шуданд.

— Посгоҳҳои гумрук чеҳраи мамлакати мо мебошанд, таассуроти аввалин маҳз дар ҳамин ҷо ташаккул меёбад. Дар онҳо бояд барои аҳолӣ ва соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шаванд, —гуфт Шавкат Мирзиёев.

Оид ба такмил додани инфрасохтори посгоҳҳои гумрукии сарҳадӣ, ободонии ҳудуди шафати онҳо, таҷдиди баъзе посгоҳҳо ва таъмири роҳҳое, ки ба онҳо мебаранд, дастурҳо дода шуданд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ба соҳаи аз коррупсия холӣ табдил додани низоми гумрукӣ вазифаи аввалиндараҷа буда, мақомоти гумрук дар ин кор бояд барои дигар сохторҳои давлатӣ намуна бошанд.

Барои ин низоми замонавии назорати комплаенс ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 майи соли равон расмигардонии эъломияи бор берун аз посгоҳҳо, ба таври фосилавӣ, бидуни тамоси мустақим бо соҳибкор анҷом дода мешавад. Аз 1 июл дар муайян кардани кодҳо ва арзиш, муоинаи гумрукӣ ва декларатсияи имтиёзноки молҳо ба таври автоматӣ ошкор кардани хатарҳои коррупсионӣ ба роҳ монда мешавад. Ва аз 1 сентябр тамоми хидматрасониҳои электронӣ дар соҳаи гумрук тавассути «равзанаи ягона» пешниҳод карда мешаванд. То охири сол низоми электронӣ ба кор андохта мешавад, ки тамоми равандҳои барасмиятдарории гумрукиро фаро мегирад.

Дар назди Кумитаи давлатии гумрук, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо ва Вазорати молия вазифаи пурра рақамӣ гардондани хидматҳои гумрукӣ гузошта шуд.  

Инчунин оид ба қабули номзадҳо ба хидмат дар асоси озмуни ошкоро, ротатсияи кормандон, эъломияи даромад ва амволи онҳо дастур дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки барои пешгирии коррупсия ба таъминоти моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Ҳамин тариқ, ба кормандони гумрук вобаста ба натиҷаи корашон иловапулӣ дода мешавад, барои хизмат дар посгоҳҳои дурдаст ва серодам иловапулӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Ба кормандон барои ошкор кардани қочоқи маводи мухаддир ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мукофот дода мешавад. Миқдори иловапулиҳо барои рутбаҳои махсус зиёд карда мешавад.

Ба ҳифзи иҷтимоии коркунон диққати махсус дода мешавад. Ҳамин тариқ, барои кормандони дар посгоҳҳои дур хизматкунанда хонаҳои хизматӣ сохта, ба кормандоне, ки ба манзил эҳтиёҷ доранд, ипотекаи имтиёзнок дода мешавад. Барои кормандони гумрук ва фарзандони онҳо барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ квотаи алоҳида муқаррар карда мешавад.

Президент таъкид кард, ки дар байни кормандони хадамот шумораи занон зиёд карда шавад.

Дар ҷамъомад инчунин натиҷаҳои муборизаи зидди контрабанда таҳлил карда шуданд. Аз ҷумла, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ пеши роҳи воридоти ғайриқонунии 364 кило маводи мухаддир, 88 ҳазор адад маводи психотропӣ ва молҳо ба маблағи 181 миллиард сӯм гирифта шуд.

Барои васеъ намудани имкониятҳо дар ин самт вазифа гузошта шуд, ки посгоҳҳои гумрукӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили сканерҳои 3D, дастгоҳҳои рентгенӣ, таҷҳизоти назорати видеоӣ, серверҳо, тарозуҳои нақлиётӣ таъмин карда шаванд.

Супориш дода шуд, ки соли ҷорӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Самарқанд, Тошканд, Фарғона ва Тирмиз ва аз соли оянда дар тамоми фурудгоҳҳо низоми “назорат бидуни корманди гумрук” ҷорӣ карда шавад.

Ба масъалаҳои тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои мақомоти гумрук эътибори махсус дода хоҳад шуд. Зарурати дигаргунсозии куллии Донишкадаи гумрук бо такмили таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, метрология ва стандартҳо зикр гардид. Оид ба такмили ихтисоси кормандон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии гумрук, омӯхтан ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.