Нақшаҳои рушди ҳамкорӣ бо BYD баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳисобот дар бораи фаъолият ва вазифахои минбаъдаи заводи "BYD Uzbekistan Factory" дар вилояти Ҷиззах шинос шуд. Ин корхона 27 июни соли равон бо иштироки сарвари давлат ба истифода дода шуд. Он аввалин корхонаи истеҳсоли мошинҳои сабукрави BYD дар берун аз Чин гардид.

    Имрӯз BYD дар истеҳсол ва фурӯши автомобилҳо дар манбаъҳои нави энергия – мошинҳои электрикӣ ва гибридҳо пешвои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Он яке аз беҳтарин базаҳои технологӣ ва системаҳои назорати сифат дорад.

    Ба бозори Ӯзбекистон ворид шудани чунин як ширкати бузург аз фазои ҷолиби сармоягузорӣ ва сиёсати кишвари мо, мавҷудияти кадрҳои муҳандисӣ дар соҳаи мошинсозӣ, заминаи истеҳсолӣ, иқтидори ашёи хом ва логистика вобаста аст.

    Намояндаи раёсати ҶС “Ўзавтосаноат” дар бораи натиҷаҳои аввалини лоиҳаи сармоягузорӣ ва нақшаҳои вусъати он ахборот дод.

    Қайд карда шуд, ки дар доираи роҳандозии силсилаи пурраи истеҳсолӣ корхонаҳои Ӯзбекистон оид ба истеҳсоли қисмҳои пластикӣ, шиша, бампер, чарх ва бисёр дигар ҷузъҳо барои мувофиқат ба системаи сифат BYD таҳлил карда шуданд.

    Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва васеъ намудани навъҳои онҳо бо шарикони чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳо дар сегментҳои В, С ва буҷет созишномаҳо имзо шуданд. Намунаҳои аввалини онҳоро шарикони чинӣ барои санҷиши системаи муосири стандартизатсия ба лабораторияҳо интиқол доданд.

    Масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва стандартҳо на танҳо дар истеҳсолот, балки дар савдо, хизматрасонӣ ва кафолати хидматрасонӣ низ муҳим аст. Ин пеши роҳи истеҳсоли маҳсулоти пастсифатро мегирад ва ба мошинҳои истеҳсолшаванда сифати баланди хидматрасонии сервисӣ ва кафолатнокро таъмин мекунад.

    Ҳамкорӣ бо BYD инчунин омодагӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои маҳаллиро дар бар мегирад. Ба мақсади ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ба ширкати “BYD Uzbekistan Factory” дар Ҷиззах якҷоя бо Донишкадаи политехникии Ҷиззах ва Донишгоҳи политехникии Турин дар Тошканд таъсис додани маркази муҳандисию таълимӣ оид ба омӯзондани мутахассисони соҳибихтисос ба нақша гирифта шудааст.

    Дар тақдимот тадбирҳо оиди ба нишондиҳандаҳои муқарраршуда расондани ҳаҷми истеҳсолот ва тезондани раванди маҳаллигардонӣ муҳокима карда шуданд.

    Сарвари давлатамон ҷиҳати тезонидани суръати истеҳсолот дар корхонаи муштараки BYD Uzbekistan Factory, таҳияи стратегияи марҳилаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, расонидани иқтидори истеҳсолӣ ба 500 ҳазор адад дар як сол ва ворид шудан ба бозорҳои содиротӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates