Интиқоли борҳои транзитӣ тавассути қаламрави Афғонистон инкишоф хоҳад ёфт

    Нақлиёт 28 Avgust 2023 1180

    26-27 августи соли ҷорӣ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Маҳкамов ҳамроҳи намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Афғонистон И.Иргашев ба Афғонистон сафар карданд.

    Дар рафти сафар экспедитсия дар хатсайри автомобилии «Ӯзбекистон — Афгонистон — Покистон» ва бо иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёт ва авиатсияи шаҳрвандии Афғонистон Мулло Ҳамидулло Охунзода мулоқот баргузор гардид.

    Дар рафти экспедитсия вазъ шоҳроҳи Ӯзбекистон-Афғонистон-Покистон, ағбаи Саланг, ки Кобулро бо Афғонистони Шимолӣ мепайвандад (Мазори Шариф), гузаргоҳи сарҳадии Торҳам дар марзи Афғонистону Покистон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

    Дар музокироти дуҷониба масъалаҳои ташаккули долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан аз тариқи Афғонистон ва Покистон ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд, таҳкими ҳамкориҳои корхонаҳои логистикии нақлиётии ду кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ, аз ҷумла барҳам додани маҳдудиятҳо дар транзит ба воситаи қаламрави Афгонистон ва кашондани бор ба дигар самтҳои таъинот баррасӣ шуданд.

    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми имкониятҳоро барои рушди ҳамлу нақли транзитӣ байни ду кишвар сафарбар кунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати нақлиёт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates