Роҳбари ширкат Сонг Хайлян ба ислоҳоти солҳои охири тамоми соҳаҳои кишварамон, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ баҳои баланд дод. Ширкат бо назардошти таҷрибаи пешқадами худ, дар бораи ширкат варзидан дар лоиҳаҳое, ки дар кишварамон дар асоси шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи мазкур татбиқ мегарданд, маълум кард.
Роҳбари ширкат ҳамчунин зарурати дар ҳамкорӣ амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак оид ба баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳро қайд намуд, ки ин барои ҳарду ҷониб судманд мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ ба меҳмонони хориҷӣ оид ба лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ амалӣ мегарданд, маълумоти муфассал дода, маросими тақдимот гузаронда шуд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак гурӯҳи кории алоҳида таъсис диҳанд.