Дар ин соҳа, ки барои ободонии кишвар ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти бузург дорад, усулҳои муосир ҷорӣ шуда истодаанд. Дар се соли охир аз тамоми манбаъҳо зиёда аз 2 триллион сӯм равона карда шудааст. Соли гузашта Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисодиёти даврӣ таъсис ёфт.
Барои корхонаҳои машғул ба партовҳо 1,2 ҳазор воҳид техникаи нави махсус харидорӣ гардид. Дар маҳаллаҳо майдончаҳои ҷамъоварии партовҳо бунёд шуданд. Бо беҳтар шудани низоми ҷамъоварӣ ва интиқол соҳа ба манбаи ашёи хоми дуюмдараҷа табдил ёфт.
Соҳае, ки пештар дар монополияи давлатӣ қарор дошт, барои соҳибкорӣ боз шуд ва муҳити мусоиди тиҷоратӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, барои корхонаҳои санитарӣ-тазокунӣ ва коркарди партовҳо меъёри андози фоида ва андози иҷтимоӣ дар сатҳи 1 фоиз муқаррар гардид. Техника ва таҷҳизоте, ки аз хориҷ ворид мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Дар натиҷа, тақрибан 200 корхонаи санитарӣ-тазакунӣ ва 290 корхонаи коркарди партовҳо таъсис ёфтанд.
Ҳангоми муаррифӣ масъулин оид ба раванди иҷрои лоиҳаҳо ва нақшаҳои минбаъда маълумот доданд.
Ҳар сол дар кишвар 14 миллион тонна партовҳои маишӣ ба вуҷуд меояд, аммо сатҳи коркарди онҳо ҳамоно паст боқӣ мемонад. Бо шарофати лоиҳаҳои солҳои охир, ин нишондиҳанда ба 5 фоиз расид.
Лоиҳаҳои истеҳсоли энергия тавассути сӯзондани партовҳо дастгирӣ меёбанд. Сармоягузорони чинӣ чунин коргоҳҳоро дар шаш минтақа месозанд. Давлат на танҳо пардохти безараргардонии партовҳоро ба зимма мегирад, балки хариди энергияи истеҳсолшударо низ таъмин мекунад.
Танҳо чанде пеш дар шаҳри Тошканд ду корхона оид ба сӯзондани партовҳои тиббӣ бо дастёбӣ ба энергияи гармӣ ба истифода дода шуданд. Дар Самарқанд ба нақша гирифта шудааст, ки боз ду ва дар минтақаҳои дигар яктоӣ чунин корхона сохта шаванд.
Чаҳоряки партовҳои маиширо коғаз, пластик, резина, шиша ва боқимондаҳои матоъ ташкил медиҳанд. Коркарди онҳо метавонад ба маблағи 1 триллион сӯм ашёи хом истеҳсол намояд. Илова бар ин, дар кишвар иқтидори назаррас дар соҳаи коркарди партовҳои сохтмонӣ, кимиёӣ, электронӣ, техникӣ ва равғанҳои саноатӣ мавҷуд аст.
Таъкид шуд, ки хизматрасониҳои ихроҷи партовҳо бояд ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ бошанд. Дар ин замина, супориш дода шуд, ки имконияти пайгирии вақти омадан ва масири ҳаракати мошинҳои партовкаш ба ҳар як маҳалла тавассути онлайн фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барномаи дусолаи таъмин намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва маҳаллаҳо бо контейнерҳои партов таҳия карда шавад. Аҳамияти аз кӯдакистонҳо ва мактабҳо ташаккул додани маданияти экологӣ дар ҷомеа таъкид гардид.