Бино ба маълумоти Агентии омор, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2,1% афзоиш ёфтааст.
Аз инҳо:
занон — 18 437,5 ҳазор нафар;
мардон — 18 696,7 ҳазор нафар;
дар шаҳрҳо — 18 940,4 ҳазор нафар;
дар деҳот — 17 193,8 ҳазор нафар.
То 1 июли соли 2024 шумораи аҳолии доимии Ӯзбекистон 37 миллиону 134,2 ҳазор нафарро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омор, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2,1% афзоиш ёфтааст.
Аз инҳо:
занон — 18 437,5 ҳазор нафар;
мардон — 18 696,7 ҳазор нафар;
дар шаҳрҳо — 18 940,4 ҳазор нафар;
дар деҳот — 17 193,8 ҳазор нафар.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи системаи дастгирии давлатии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз 26 августи соли 2024 аз он ҷиҳат муҳим аст, ки яке аз самтҳои асосии дастгирии давлатии бахши ғайридавлатӣ васеъ намудани иштироки муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии давлатӣ муайян шудааст.
12 декабр дар доираи лоиҳаи «Кунгил кузи» дар планетарияи Тошканд ёвари Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо кӯдакони самарқандие, ки мушкилоти биноӣ доранд, мулоқот анҷом дод.
Музди миёнаи моҳона барои ҳисоб кардани нафақа тавассути тақсим кардани ҳаҷми умумии маоши аз нав ҳисобшуда барои шаст моҳи тақвимии кори бефосила ба шаст муайян карда мешавад.
Мувофиқи қонунгузорӣ, ба узви оилаи сарпарасти фавтида, ки синнаш аз 18 боло аст ва дар ташкилоти таълимӣ таҳсил мекунад, нафақаи вобаста ба фавти сарпараст то 1 августи соли охири таҳсил пардохта мешавад.
27 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва муқовимат ба коррупсия дар ҳамкорӣ бо ҳаракати умумиҷумҳуриявии «Юксалиш» шунидани ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Таъмини аҳолӣ бо манзили дастрас дар асоси субсидия» баргузор гардид.
Аз аввали январи соли 2025 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки тарифи обро барои мошиншӯйҳо то 15 ҳазор сӯм барои як метри мукааб боло барад. Дар ин бора дар паёми буҷети Вазорати молия хабар дода шудааст.
Фонди нафақаи Ҷумҳурии Ўзбекистон оиди аз хона набаромада гирифтани маълумот дар бораи миқдори нафақа ва ёрдампулӣ дастури қадам ба қадам тартиб дода, пешниҳод кард. Идора боти махсуси Telegram-и @pensionyauzbot-ро ба кор андохтааст, ки ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро онлайн дастрас намоед.
Фармони Президент «Дар бораи ба марҳилаи нав баровардани тадбирҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ» (ФП No143 аз 23 сентябри соли 2024) қабул гардид.