Теъдоди қурбониёни таркиши дастгоҳҳои алоқа дар Лубнон ба 20 нафар расид

    Теъдоди қурбониёни мавҷи дуввуми таркишҳои дастгоҳҳои алоқаи шахсӣ дар Лубнон аз 14 ба 20 нафар расид.

    Дар ин бора дар маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ки дар Telegram канал ҷойгир карда шудааст, гуфта мешавад.

    Он нишон медиҳад, ки теъдоди захмиён аз 450 ба 460 нафар афзоиш ёфтааст. Аксари ҳалокшудагон ва маҷрӯҳшудагон ҷонибдорони шиъаи милитсияи Ҳизбуллоҳ мебошанд, ки аз октябри соли 2023 дар манотиқи марзии ҷануби Лубнон алайҳи Исроил меҷанганд, хабар медиҳад tass.ru.


    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates