Вазири сиёсати ҳудудӣ Ангел Виктор Торрес ба хотири қурбониён аз 31 октябр то 2 ноябр мотами серӯза эълон кард.
Бино ба гузориши El Pais, даҳҳо сокини Валенсия шаби 30 октябрро дар мошинҳо ва дар болои боми биноҳои зери об монда рӯз карданд. Шумораи дақиқи маҷрӯҳшудагон ва бедаракшудагон маълум нест.
El Mundo менависад, ки дар Валенсия 1116 наҷотдиҳанда, 344 мошин, аз ҷумла чархболу ҳавопаймоҳо, 200 низомӣ ва 750 гвардиячиён, инчунин тақрибан сад афсари полис дар рафъи оқибатҳои обхезӣ ширкат доранд.
Гуфта мешавад, ки сабаби обхезӣ дар Испания боришоти шадидест, ки рӯзи 29 октябр дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии ин кишвар борид. Маҷрои об роҳҳои оҳан ва шоссеро вайрон карда, алоқаи роҳи оҳани Мадрид ва ҷамъияти Валенсияро катъ кард. Қатъи неруи барқ ҳудуди 115 ҳазор сокини ин вилоятро фаро гирифтааст, хабар медиҳад kommersant.ru.