Шумораи қурбониёни фурӯрезии бино дар Танзания тақрибан ба 30 нафар расид

    Шумораи қурбониён дар натиҷаи фурӯрезии бино дар шаҳри Дар-эс-Салами Танзания тақрибан ба 30 нафар расид.

    Бино бар иттилои Report дар ин бора портали Citizen бо истинод ба намояндаи ҳукумат хабар додааст.

    Мувофиқи маълумот, бинобар натиҷаҳои амалиёти наҷотдиҳӣ дар бинои фурӯрафта, ки пас аз 10 рӯз анҷом ёфт, шумораи қурбониён ба 29 нафар расид. Аз зери харобаҳо зиёда аз 84 нафар наҷот дода шуданд.

    Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр дар минтақаи Кариаку, ки бузургтарин бозори шаҳр ҷойгир аст, бинои чорқабата фурӯ рехт. Дар ибтидо аз ҳалокати 13 нафар ва захмӣ шудани 42 нафар хабар дода шуда буд.

    Ба гуфтаи намояндаи ҳукумат Тобиас Макоба, соҳиби бино дар доираи тафтишоти ҳодиса боздошт шудааст. Президенти Танзания Самия Сулуху Ҳасан ба нахуствазир Кассим Маджалива дастур дод, ки ҳолати ҳамаи биноҳо дар минтақаи Кариаку санҷида шавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates