Дар Ӯзбекистон эмгузаронии ихтиёрии кӯдакони аз 12-сола боло идома дорад

    Тандурустӣ 28 Oktabr 2021 185

    Ваксинзании наврасон танҳо бо розигии падару модар ва парасторони онҳо сурат мегирад.

    То 14 октябр дар кишвари мо 151 124 навраси аз 12 то 18-сола ихтиёран бо ваксинаи Pfizer эм карда шудаанд.

    Ҷараёни эмгузаронӣ дар вилоятҳои Фарғона (37 395 доза), Андиҷон (22 502 доза), Намангон (21 837 доза) фаъолона идома доранд. Ёдовар мешавем, ки эмгузаронии бачаҳои аз 12-сола боло бар асоси қарори сардухтури санитарӣ ва Комиссияи миллии коршиносии фаннӣ-иммунологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 28 сентябр оғоз ёфтааст.

    Қаблан раҳбари СУТ Тедрос Адханом Гебрейюс гуфта буд, ки пандемия вақте хотима хоҳад ёфт, ки ҷаҳон тасмим гирифтааст онро хотима диҳад. Вай бовар дорад, ки инсоният тамоми воситаҳоро барои мағлуб кардани вирус дорад. Ҳадафи СУТ то охири соли 2021 ҳадди ақалл 40 дарсади аҳолии ҳар як кишварро эм кардан аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates